Икромзода: Норасоии маблағро дар “Амонатбонк” аудити дохилӣ маълум кард, на Палатаи ҳисоб
Масъулини «Амонатбонк» имрӯз, 9-уми феврал зимни нишасти мабуотӣ гуфтанд, ки камбуди маблағҳоро дар ин бонк аудити дохилӣ маълум кардааст, на санҷиши Палатаи ҳисоби назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки масъулини Палатаи ҳисоби назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки дар пайи санҷиш ё аудити онҳо дар «Амонатбонк» беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Аммо Сироҷиддин Икромӣ, раиси «Амонатбонк» имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки «аудити дохилии бонк ин маблағҳоро ошкор намуд ва ба мақомоти Палатаи ҳисоб ва Прокуратураи генералӣ пешниҳод кард».
Раиси «Амонатбонк» афзуд, ки ин маблағҳо як дарсади дороиҳои бонкро ташкил намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, то 31-уми декабри соли гузашта дороиҳои ин бонк 4,9 миллиард сомонӣ будааст.
Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст, ки маблағҳо аз кадом роҳ аз худ карда шудаанд.
Тавре ки “Озодӣ” иттилоъ медиҳад, мақомоти Палатаи ҳисоб гуфтанд, ки аксари ин маблағҳо ба филиали рақами панҷи «Амонатбонк», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рост меояд ва ҳамакнун 23,6 миллион сомонии он барқарор шудаааст.
Ба гуфтаи мақомот, мудири шӯъба, сармуҳосиб ва хазинадори намояндаи шумораи панҷуми ин бонк дар Душанбе ҳоло дар боздошт қарор доранд ва парвандаи онҳо аз сӯи додситонӣ тафтиш мешавад.
Раиси «Амонтабонк» ҳам дар нишасти хабарии рӯзи 9-уми феврал гуфт, ки ба ҷуз ин се нафар, нисбати як корманди идораи марказии ин бонк низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ афзуд, ки парвандаи ин корманд дар дасти мақомоти тафтишотӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ