Ҳиллари Клинтон Президенти ИМА мешавад?
Санаи 8-уми ноябр дар ИМА Интихоботи Президентӣ баргузор мешавад. Ҳизби «Ҷумҳурихоҳон» номзадии тоҷири мувафақ- Доналд Трампро пешниҳод карданд, Демократҳо бошанд номзадии Ҳиллари Клинтонро пешбарӣ намудаанд, ин дар ҳолест, ки президенти кунунии Амрико- Барак Обама намояндаи ҳамин ҳизб аст.
Дабири Кулли ИМА Ҳиллари Клинтон розигии хешро расман барои пешбарии номзадияш аз сӯйи ҳизби демократҳо дар Интихоботи Президенти,ки санаи 8-уми ноябр баргузор мегардад дод. Мувофиқи анъанаҳои сиёсии ИМА хонум Клинтон ин баёноти хешро аснои баромадаш дар съезди Ҳизби Демократҳо дар Филаделфия изҳор намуд. Съезди мазкур номзадии пешбаришудаи Ҳиллари Клинтонро санаи 26-уми июл расман эълон намуд.Номзадии Клинтонро аз ин ба баъд дар роликҳои таблиғотии Ҳизби демократҳо Тим Кейн муаррифӣ хоҳад намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ