Исанбоева барқасди IAAF ба Рио меравад!
Ассотсиатсияи байналмиллалии варзиии ФР- IAAF ин бор низ ба дархости инфиродии қаҳрамони дукаратаи бозиҳои олимпӣ- Елена Исанбоева ҷавоби ғайриқаноатбахш дод.
Дар ин бора зери ҳошияи «Мӯъҷиза ба вуқӯъ наомад» Елена Исанбоева дар саҳифаи «инстаграм»-аш хабар додааст.
Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки хонум Исанбоева карераи варзишияшро идома медиҳад ё не, аммо ҳуқуқшиносони соҳаи варзиш бар он боваранд, ки мавсуф ҳоло ҳам ҳукуқи ба Рио рафтанро дорад, агар номзадии ӯ овозҳои заруриро барои роҳ ёфтан ба комиссияи варзишгарони Кумитаи Байналмиллалии олимпӣ гирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ