Илон Маск аз хатари бузург ҳушдор дод
Соҳибкори амрикоӣ Илон Маск пешниҳод кард, ки башарият худро дигар бо силоҳи ҳастаӣ ҳадаф қарор надиҳад. Вай дар саҳифааш дар «Twitter» ҳушдор дод, ки башарият феълан дар рӯ ба рӯи хатари баланди истифодаи силоҳи ҳастаӣ тайи 60 соли охир қарор дорад.
«Хуб мешуд, агар рӯзе инсоният аз ҳадафи силоҳи ҳастаӣ қарор додани худ даст кашад, ки тақрибан тамоми ҳаёти рӯи заминро несту нобуд мекунад»,- изҳор дошт ӯ.
Вай ҳамчунин таъкид намудаст, ки Русия давоми 30 дақиқа тавони нобуд кардани Аврупою Амрикоро дорад ва баръакс. Маск изҳори ҳайрат кардааст, ки теъдоди хеле ками одамон инро медонанд.
Маврид ба зикр аст, ахиран Маск навишт, ки ба имкони пирӯзии Украина дар сурати ҷанги густарда бо Русия шубҳа дорад ва ҷонибҳоро ба сулҳ даъват кардааст. Вай инчунин дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина пешниҳод кард. Дар баробари раъйдиҳии такрорӣ дар Донбасс таҳти назорати СММ Маск нигоҳ доштани Қримро ҳамчун як қисми расмии Русия, чуноне аз соли 1783 то хатои Хрушёв буд, пешниҳод кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ