Илтифоти навбатии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Ҳукумати Ӯзбекистон масъалаи барҳам додани боҷи иловагӣ барои вуруд ва транзити воситаҳои нақлиёт ва автобусҳо аз Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.

«Дар фурсатҳои наздиктарин ҳукумати Ӯзбекистон дар ин хусус қарори дахлдор қабул мекунад», — хабар дод омадааст дар хабари рассонаҳо

Айни замон меъёри боҷи иловагӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон раҳсипор мешаванд, 180 долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, маблағи пардохт барои вуруд ва транзити нақлиёти боркаш ва автобусҳое, ки сарҳади Ӯзбекистон бо Тоҷикистонро мегузаранд, мисли пешин — 265 доллар боқӣ мемонад.

Бори охир Ӯзбекистон маблаги боҷ барои вуруд ва транзити нақлиёти автомобилии Тоҷикистонро 1 сентябри соли 2016 ба андозаи 52,5 фоиз — аз 118 долар то ба 180 доллар зиёд карда буд.

Қобили зикр аст, ки тариқи роҳҳои мошингарди Ӯзбекистон нақлиёти автомобилӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави Қазоқистон, Туркманистон ва ҳамчунин Афғонистону Қирғизистон ворид шуда метавонад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *