Сирки Москва ба Тоҷикистон меояд

Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони санъати ҳунарии сирк расонида мешавад, ки аз 4 март то 1 апрели соли равон дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи сирки Москва бо номи «БРАВО» баргузор мегардад.

«Ҳунарпешагони москвагӣ ба мухлисони ин намуди санъат барномаҳои ҷолибу рангинро бо иштироки ҳайвонҳои гуногун, мисли паланг, тимсоҳ, морҳои ҳархела, саг, буз ва дигар намоишҳо манзур  менамоянд»,-зикр намуд зимни суҳбат масъули барномаи ҳунарии Сирки Москва Виталий Ковалёв.

Ба иттилои Виталий Ковалёв, ҳунарнамоии дорбозҳо, гимнастҳо, чашмбандон, масхарабозон ва кордбозҳо низ ба ин барнома дохил мешавад.

Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ дар доираи намоиши мазкур 26 нафар ҳунармандони москвагӣ ба шаҳри Душанбе меоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *