ИМА барои муҳоҷирони Осиё Марказӣ дар замони коронавирус 2 миллион доллар ҷудо мекунад

Ҳукумати ИМА тавассути Агентии Байналхалқии Тараққиёт (USAID) бо мақсади ҳифзи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳангоми пандемияи коронавирус 2 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора партали «Овози Самарқанд» хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумоти сафоратхонаи ИМА дар Тошканд, кӯмаки номбурда, дар доираи лоиҳаи USAID «Мигратсияи бехатар дар Осиёи Марказӣ» мебошад, ки аз ҷониби Winrock International татбиқ мешавад.
Пандемияи коронавирус миллионҳо нафар муҳоҷирони Осиёи Марказиро ба бӯҳрони гуманитарӣ ва молиявӣ оварда расонид, ки аксарияти онҳо дар сарҳадҳои Осиёи Марказӣ ба мушкилиҳо дучор меоянд.
Лоиҳаи «Мигратсияи бехатар дар Осиёи Марказӣ» панҷ кишвари Осиёи Марказиро барои тақвият додани масъулияти амалияҳои ба далелҳо асосёфта ва муносибатҳои наздисарҳадӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳукуматҳо, ТНН ва бахши хусусӣ дар пешгирии савдои одам, ҳимояи қурбониён ва таҳкими амният дастгирӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *