Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикистон рафт

Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Галина Перфилиева, ки таи рузҳои охир дар ин мақом буданаш сару садоҳои зиёдеро ба бор овард, аз вазифа барканор шуда, тарки кишвар кардааст.

Тавре як манбаъ аз Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад:

“Маъмурияти хонум Перфилиева ба анҷом расида, масъулиятҳояшро ба нафари нав вогузор кард. Он кас ҳафтаи гузашта тарки Тоҷикистон карда буданд”.

Бино ба ин манбаъ, Бахтигул Карриева, корманди масоили стратегии Дафтари мудири минтақаии Бюрои аврупоии минтақаии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳоло иҷрокунандаи вазифаи намояндагии ин созмон дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.

Дар бораи тақаррурии навбатии Галина Перфилиева ҳанӯз иттилое дар даст нест. Аммо гуфтугузорҳо дар бораи барканории ӯ ҳанӯз дар оғози моҳи равон дар пайи эълон шудани аввалин мавориди гирифторӣ ба «вируси корона» пайдо шуда буданд.

Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *