ИМА зодагони Тоҷикистонро ба Русия фиристод

Мақомоти Амрико аз ҳашт зодаи Тоҷикистон, ки дар моҳи июни имсол бо гумони иртибот бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дастгир шуда буданд, се нафарро ба Тоҷикистон ва Русия баргардонидаанд.

CBS News рӯзи 6-уми октябр бо такя ба манобеаш хабар дод, ки чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Идораи муҳоҷират (ICE) ҳастанд ва мунтазири ихроҷ аз Иёлоти Муттаҳида. Эҳтимол онҳоро дар ҳафтаҳои наздик пас гардонанд.

Ҳашт зодаи Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн тайи амалиёти муштарак дар Лос-Анҷелос, Ню-Йорк ва Филаделфия боздошт шуданд. Манобеи амниятии Амрико дар аввал онҳоро ба иртибот бо гурӯҳи даҳшатафкани «Давлати исломӣ» гумонбар дониста буданд, аммо дертар ба поймоли қоидаҳои муҳоҷират айбдор карданд.

Бо гузашти чаҳор моҳ ҳувияти боздоштшудаҳо ошкор нашудааст.

Муфаттишони FBI ё Хадамоти федеролии амният ба CBS News гуфта буданд, ки суҳбату мукотибаҳои ин афрод ва фаъолияташонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ карданд. Мақомоти амрикоӣ бобати робитаи эҳтимолии онҳо бо ДОИШ шубҳа доштанд, вале нисбат ба онҳо парвандаи иттиҳоми узвият ё шомил будан ба гурӯҳҳои террористӣ боз нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *