Имомхатиби Дӯстӣ риши худро кӯтоҳ кард
Аз имому имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (Ҷилликӯли собиқ) дархост шудааст, ки аз ин ба баъд риши худро аз 3 сантиметр дароз накунанд. Бархе аз имомҳо гуфтанд, ки дар гузашта риши онҳо панҷ-шаш сантиметр ё баробар ба андозаи як мушт буд ва баъди хоҳиши мақомоти ноҳия ними онро қайчӣ заданд. Ноҳияи Дӯстӣ беш аз 60 имому имомхатиб дорад.
Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ далели ин тасмими худро таблиғи фарҳанги миллӣ унвон карданд. Онҳо мегӯянд, дар баробари либоси зебову шинам бояд риши имомҳо низ тартиб дошта бошад ва меъёри таъиншудаи се сантиметр “на кам аст, на зиёд аст”.
Насрулло Файзуллоев – имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Дӯстӣ – аз нахустин имомҳои минтақа аст, ки риши тақрибан панҷсантиметриашро кӯтоҳтар кард. Ӯ гуфтааст, ҳарчанд бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари мусалмонҳои Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, риш бояд ба андозаи 6 сантиметр бошад, вале ӯ натавонист хоҳиши мақомотро рад кунад.
“Дар гузашта риши ман тақрибан панҷ сантиметр буд. Хоҳиш карданд, илтимос карданд, мо ҳам не нагуфтему ришро кӯтоҳ кардем”, — гуфтааст Файзуллоев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ