Консерти хайриявии Сурайёи Қосим ва Шабнаму Фарзона барои «Равшан»

Дар консерти овозхонони маъруф Сурайёи Қосим ва Шабнаму Фарзона, ки  30-юми июл дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб  баргузор шуд,  беш аз дувоздаҳ ҳазор мухлиси ин хонавода ҳузур доштанд. Ин консерти хайриявии оилавии ҳунармандони шинохта буд ва онҳо маблағашро  ба ду ятимхона ва дастгирии дастаи футболи “Равшан” бахшиданд.

Тавре сармуҳаррири «СССР» Сайёфи Мизроб,  ки сарпарастии кулли ин консертро бар душ дошт, мегӯяд, овозхонҳо дар консерти хайрия ба таври зинда тарона иҷро карданд. Билети консерт 15 сомонӣ арзиш дошт, вале тамоми харҷи баргузории консертро ин хонавода аз ҳисоби худ сарф кард.

Консерти муштараки ин хонавода дар ҳоле баргузор шуд, ки ба гуфтаи Сурайёи Қосим оилаи ӯ дар 5 соли ахир шикасту рехти зиёдеро пушти сар кард. Сурайёи Қосим мегӯяд, бо ин консерт онҳо ба тамоми мушкилоте, ки дар ин муддат паси сар кардаанд «хати сафед» кашиданд.

Консерти хайрияи хонаводаи Сурайёи Қосим бо ҳимояти ҳукумати шаҳри Кӯлоб  баргузор шуд.

Ба ин тартиб Сурайёи Қосим, мегӯяд, ҳамроҳи Шабнаму Фарзҳона ният доранд, то консертҳои хайриявиро дар кишвар бештар кунанд ва ба ин васила кумакашонро ба афроди ниёзманд бирасонанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *