Мусобиқаи байналмилалии теннис барои Ҷоми Президент

Котиби генералии Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирҳусейн Яҳёев  ба расонаҳо иттилоъ додаст, ки  дар шаҳри Душанбе аз 23 то 27 августи соли равон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур наврасон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб буда, синни иштирок дар мусобиқа барои писарон то 14 ва духтарон то 16    муайян шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *