Имоми масҷид амри муҳофизони Ашраф Ғаниро рад кард

Рӯзи ҷумъа, 22 феврал президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои адои намози ҷумъа ба яке аз масҷидҳои Кобул ташриф овард.

Нирӯҳои амниятӣ ба ин далел вуруди мардумро ба ин масҷид маҳдуд карда, аз имомхатиб низ талаб карданд, ки ба далелҳои амниятӣ хутбаашро зудтар тамом карда, намозро барвақттар шурӯъ кунад. Аммо Муҳаммад Аёз Ниёзӣ дар хутбааш аз ин амалҳои командаи президент  ва талаби қатъи хутбаву барвақттар хондани намоз интиқод кард ва гуфт, «масҷид ҷои ҳукми шумо нест, масҷид ҷои ҳукми Аллоҳ аст. Ҳукми худро дар ҷое, ки қаламрави ҳукми Худост, таҳмил накунед! Ва мардумро ҳам танҳо барои инки президент ба намоз меояд, роҳ надоданатон ба масҷид кори хубу дурусте нест. ” Муҳаммад Аёз Ниёзӣ ҳамчунин гуфт, вақте соати намоз ин амри Аллоҳ аст ва то замоне, ки вақташ нарасад, ҳатто агар як императори ҷаҳон ҳам биояд, як сония пеш аз вақташ намозро шуруъ намекунем ва хутбаро низ қатъ намекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *