Поммершайм савганд ёд кард

Марк Поммершайм ба ҳайси сафири нави Амрико дар Тоҷикистон савганд ёд кард. Маросим рӯзи 22-юми феврали имсол дар Вашингтон баргузор шуд.

Номзадии дипломати собиқадор ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта пешниҳод шуд ва рӯзи 7-уми январи имсол тасдиқ гардид.Бо ин ҳол, замони ба Тоҷикистон омадани ӯ ҳанӯз маълум нест.Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар Вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва АвруОсиё кор кардааст.Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони CNN дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва се фарзанд аст. Марк Поммершайм ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки ӯ баъди анҷоми масъулиятҳояш соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *