Имомзода ба вазири маорифи Русия чӣ гуфт?

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар доираи як сафари кории хеш ба Москва масъалаи сохтмони 5 мактабро, ки аз ҳисоби буҷаи Русия маблағгузорӣ мешавад, баррасӣ кард.

Дар ин бора Эҳсони Хушбахт, сухангӯйи вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад. “8-10-уми феврали соли равон ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия сафар карданд”, — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар доираи ин сафар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо як қатор намояндагони Ҳукумати Федератсияи Россия вохӯриву суҳбатҳои корӣ анҷом дод.

Аз ҷумла, бо Кварцов Сергей Сергеевич-вазири маорифи Федератсияи Россия, Глушко Дмитрий Евгеневич- муовини якуми вазири маорифи Россия, Бачарова Наталя Александровна-муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Россия, Шибеко Валерий Геннадевич-сардори шуъбаи Тоҷикистони Вазорати корҳои хориҷии Россия вохӯрданд.

“Зимни мулоқоти дуҷонибаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода М.С. ва вазири маорифи Федератсияи Россия Кварцов С.С. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оғози корҳои сохтмонӣ дар 5 мактаб, ки аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад, пас аз мувофиқаи лоиҳаи тарҳи биноҳо семоҳаи дуюми соли 2021 ба роҳ монда шавад” – гуфт, манбаъ.

Дар мулоқот бо муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Бачарова Н.А. ҷонибҳо оид ба ҳалли мушкилоти дуҷониба дар робита ба масъалаи пайгирӣ ва ба имзо расонидани Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба баробарарзишии дараҷа ва унвонҳои илмӣ, додани иҷозат барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, зиёд намудани теъдоди квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия табодули назар намуданд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқотҳои доиргардида бораи хотимаи расмиёти ба тавозуни ҷониби Тоҷикистон гузаштани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Кӯлоб низ гуфтугӯйи ҷонибҳо сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *