Синамои мо реклама мехоҳад

Чанде пеш ҳамроҳи ҳамкурсонам барои тамошои филми «Бачаи обӣ» — и Файзулло Файзов ба кинотеатри “Зебунисо”рафтем.

Вақте ки инсон филмро дар экрани калон бо садои баланд мебинад, худро ҷузъе аз он тасаввур менамояд. Фикр мекунам, ки киноро дар кинотеатр тамошо кардан кайфияти дигаре дорад. Албатта, барои ба навор гирифтани як филм одамони зиёде заҳмат мекашанд, харҷ мекунанд ва аз ҳама муҳим вақтро сарф мекунанд, то ин ки филм мақбули тамошобин гардад. Маълум аст, ки филми хуб худ аз худ дарак медиҳад ва ба офарандагонаш барор меорад. Ҳоло мехоҳам, ки таассуроти бардоштаамро аз тамошои филми «Бачаи обӣ» баён намоям.

Филм дар аввал бисёр ҷолиб менамояд ва ҳатто номи филм ҳам бинандаро ба худ мекашад. Аммо дар давоми воқеияти филм масираш дигар мешавад. Қаҳрамони филм чунин ба назар мерасад, ки як писараки 8-сола аст, вале дар филм бинанда бештар даврони пирӣ ва танҳоии мӯйсафед Бобои Баракаро мушоҳида мекунад. Чизе, ки бинандаро ба андеша водор мекунад, ба таҳсил фаро гирифта нашудани писараки аллакай ҳаштсола аст. Бинанда гумон мекунад, ки ташвишҳову бо падар ҷанҷол карданҳои модар аз рӯи адолат аст ва роҳе, ки Рамзес ба шаҳр рафта таҳсил кунад, бояд хеле дур бошад. Аз ин хотир,  оилаи онҳоро зарур меояд, ки ба шаҳр кӯчанд. 

Филми “Бачаи обӣ”  масъалаҳои муҳим, аз қабили муносибати зану шавҳар, бетаваҷҷуҳӣ ба муҳити зист, гармшавии иқлим, хушк шудани оби баҳр ва ғайраро инъикос мекунад.

Умуман, солҳои охир дар синамои миллӣ ҷунбиш ба вуҷуд омадааст. Акнун синамои моро реклама мебояд, то ки мардум аз намоиши филмҳо огоҳ шаванд ва ба кинотеатрҳо ба тамошо раванд.

Сарвинози Сайдалӣ, донишҷӯи курси сеюми факултети журналистикаи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *