Даргузашти профессор Худойбердиев

Саттор Худойбердиев муаллифи 50 китобҳои дарсӣ, аз ҷумла «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон», «Вилояти Суғд ба 1000 савол ҷавоб», «Оё Шумо шаҳри Хуҷандро медонед?», “Географияи Тоҷикистон»

11 феврал яке аз олимони шинохтаи тоҷик,ҷуғрофияшинос, профессор Саттор Худойбердиев дар синни 82 солагӣ, дар шаҳри Хуҷанд вафот кард.
Худойбердиев Саттор Шарипович 30 марти соли 1939 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) таваллуд шудааст. Соли 1964 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) ро бо ихтисоси география ва биология хатм кардааст.
Аз соли 1967 фаъолияти меҳнатиашро ба сифати муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 (собиқ ба номи Ломоносов) и шаҳри Хуҷанд шурӯъ намудааст. Соли 1970 ба кор ба факултаи табиатшиносию географияи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров гузаштаааст.
Соли 1975 коромӯз-тадқиқотчии Институти педагогии шаҳри Санкт-Петербург ба номи А.И.Гертсен, солҳои 1978-1996 Дотсенти кафедраи ҷуғрофияи иқтисодӣ ва соли 2010 ба унвони профессор, мудири кафедраи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултаи фанҳои табиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолият бурдааст. То соли 2016 ҳудуди шаш сол ба донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дарс гуфтааст.
Аз 2016 то инҷониб профессор ва аз собиқадорони кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд.
Саттор Худойбердиев муаллифи 50 китобҳои дарсӣ, аз ҷумла «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон», «Вилояти Суғд ба 1000 савол ҷавоб», «Оё Шумо шаҳри Хуҷандро медонед?», “Географияи Тоҷикистон» «Аввалин китоби география дар Тоҷикистон» мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *