Имону инсофи тоҷири мусалмон
Нархи 1 кг гӯшти говро яку якбора ба хотири моҳи шарифи Рамазон тоҷирони мо аз 62-65 сомонӣ ба 72-75 сомонӣ боло бардоштанд.
На танҳо гӯшти гов, балки нархи дигар масолеҳи ниёзи мардум низ ба таври сунъӣ боло бурда шудааст. Ин ҳам дар кишваре, ки 99%-и аҳолиаш мусулмонанд. Аз ҳама аламовар он аст, ки чунин корҳо сол ба сол такрор мешаванду ҳеҷ тағйироте дида намешавад. Фурӯшандаи «девтинат» фурӯхта истодаву харидори «гаранг» харида истодааст. Пас сабаб дар чист? Дар паст будани ҳисси инсонии мо? Ё пастии одаму одамгарии мо? Ё кам будани ақлу идроки мо? Ё нофаҳмиву каҷфаҳмиву заъф доштани имони мо?…
Пас аз худамонро мусалмон гуфтан ва дар масҷидҳо сар ба замин кӯфтанҳоямон самар надорад…
Ҳ. ҲОФИЗ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ