Оқибати никоҳи қалбакӣ чӣ хоҳад буд?

Аз ин ба баъд дар Русия барои издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум намуданашон мумкин аст.

Ба Думаи давлатии Федератсияи Русия лоиҳаи қонун дар бораи лағви шаҳрвандии аз тариқи никоҳи қалбакӣ гирифташуда пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун дар бораи бекор кардани шаҳрвандӣ аз ҷониби намояндагони маҷлиси қонунгузори вилояти Калуга пешниҳод шудааст. Ҳуҷҷат дар пойгоҳи электронии палатаи поёнии парлумон ҷойгир аст.

Он мафҳумҳои «ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурӯғ»-ро мушаххас мекунад, ки барои лағви қарор дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия асос шудаанд.

Илова бар ин, тибқи ин ташаббус, на танҳо бастани ақди никоҳи қалбакӣ, балки пешниҳоди шаҳодатномаҳои беэътибор дар бораи донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузорӣ низ бояд асос барои лағви шаҳрвандии гирифташуда гардад.

Муаллифони лоиҳа қайд кардаанд, ки истифодаи ҳуҷҷату маълумоти бардурӯғ бояд дар додгоҳ муқаррар карда шавад.

Омор низ оварда шудааст, ки тибқи он дар соли 2022 дар вилояти Калуга беш аз 200 ҳолати эҳтимолии издивоҷи қалбакӣ сабт шудааст. Ҳамчунон беш аз 500 далели додани шаҳодатномаи донистани забони русӣ ба хориҷиёне, ки аслан онро намедонанд, сабт гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонуни мубориза бо қонунигардонии муҳоҷирон тавассути бастани ақди никоҳи сохтаро таҳия карда буд. Дар қонун инчунин чораҳои мубориза бар зидди падарии қалбакӣ пешбинӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *