Имрӯз ҳаво гарм мешавад
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол то 15-20 метр дар як сония мерасад.
Имрӯз, 30 апрел дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +26 +31дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +6 +11 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи гардида, ҳаво шабона +13 +18 ва рӯзона +30 +35 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +30 +32 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво +12 +14 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ