Имрӯз барф меборад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯйи шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12, рӯзона 21+26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -3+2 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, шамол аз самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона +10 +15 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ