Роҳҳои Душанберо ду рӯз мебанданд

Давоми ду рӯз- 27 ва 28 сентябри соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Сомонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Н.Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишер Навоӣ то даромадгоҳи шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи Айнӣ то шаҳри Норак маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, мақсад аз андешидани ин тадбир дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Маҳдуд намудани ҳаракати нақлиёт 27-28 сентябри соли равон аз соати 09:00 то анҷоми чорабинӣ давом мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *