Имрӯз боридани боронҳои пуршиддат пешгӯӣ шудааст
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то 19 апрел идома ёфта, тӯли ин муддат боридани боронҳои пуршиддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.
Имрӯз, 18 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона дар водиҳо 4-9 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки боронӣ дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат шабона 4-6 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ