Корнамоии Комроншоҳ ҳамаро қоил кард

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷикро бегоҳии 17-уми апрел сардори Раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Носир Бозоров,   падару модар ва писари нуҳмоҳааш Муҳаммад ва даҳхо мухлисон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд.

Комроншоҳи Устопириён рӯзи 8-уми апрел дар Гран-прии ҷудо бар ҳамаи рақибонаш пеш аз муҳлат ва бо баҳои баландтарин – иппон – пирӯзӣ ба даст овард. “Бо дидани писарам эҳсоси аҷибе дорам. Бори аввал аст, ки ӯ ба пешвозам меояд. Аз ин ба баъд талош мекунам, ки аз мусобиқот бо медали тилло ба наздаш баргашта, падари намунавӣ бошам”, -гуфт ба хабарнигорон Комроншоҳ.

Гран-прии ҷудо дар Анталия барои Комроншоҳ дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Ӯ аз ин пеш дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Duesseldorf 2018), ки рӯзҳои 23-25-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон барпо гардид, мақоми панҷумро соҳиб шуда буд.

Ба қавли Комроншоҳ, ҳадафҳои минбаъдаи ӯ ин иштирок ва соҳиби мақом шудан дар Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои Осиёӣ мебошад. Ин паҳлавони маъруфи тоҷик мегӯяд, талош дорад то бозиҳои олимпӣ аз рӯйхати 8-гонаи беҳтарин ҷудокорон берун нашавад. Феълан Комроншоҳ ба қавли худаш дар мақоми 4-уми ҷудокорони ҷаҳон қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *