Имрӯз борон меборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон дар назар аст.

Имрӯз, 13 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз боридани борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *