Тасдиқи марги Холид Мехсуд аз ҷониби Толибон

Толибони Покистон тасдиқ карданд, ки ноиби фармондеҳи ҷунбиши Толибон Холид Мехсуд аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуд. Намояндаи Толибони Покистон рӯзи 12-уми феврал гуфт, Мехсуд дар дар пайи зарба ба рустои Ғовак ба ҳалокат расид.

Кормандони Хадамоти амнияти Покистон пештар аз ҳалокати Мехсуд, ки бо номи Саҷна шинохта шудааст, хабар доданд.

Мулло Фазлуллоҳ — раҳбари Толибони Покистон, муфтӣ Нур Валиро муовини нави фармондеҳи ин гурӯҳ таъин кард. Гуфта мешавад, ки Саҷна дар ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Покистон, соли 2011 дар Карочӣ ва ҳамчунин ҳамла ба маҳбаси воқеъ дар шимолу ғарби Банну соли 2012 даст дошт.

Толибон ҳамлаҳоеро алайҳи нерӯҳои амниятии Покистон пиёда мекунанд.

Исломобод ба зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико мухолифат дорад ва мегӯяд, онҳо соҳибихтиёрии кишварро зери суол мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *