Имрӯз борон меборад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят барфи шиддатнок меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барфи тар дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 5-10 дараҷа сардӣ дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон борон меборад. Дар баъзе минтақаҳо боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баъзе ҳолатҳо борони шиддатнок дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 9- 11 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ