Сӯиқасд ба ҷони ҳамсар, дуздӣ ва дигар хабарҳои ВКД

Сӯиқасд ба куштор

Рӯзи 31-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор дар хонаи истиқоматиаш аз рӯи ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш, зани 26-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯ бо табар ба узвҳои ҳаётан муҳим, ба қисми қафои сар ва гарданаш 3-маротиба задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Ҳисор бистарӣ карда шудааст.
Марди номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дуздии зарфи оҳанин ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун марди 58-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми январи соли 2019, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди роҳи автомобилгарди деҳаи Панҷи поён 1-адад зарфи оҳанини ғунҷоишаш 10-тоннагӣ (сестерна), ки арзишаш 10 000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 111 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Боздошти зани 23-сола бо ҷурми ташкил намудани фоҳишахона

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 23-солаи сокини ноҳияи Фирдавӣ бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 28-уми январи соли 2019, тахминан соати 20:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, зани 25-солаи сокини ш.Душанбе ва марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 27-солаи сокини пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 590-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати зани номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *