Имрӯз борон меборад

 Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борону барф ба қайд гирифта шудааст. Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд, имрӯз дар нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрноки бебориш шуда, дар ғарби вилоят аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 7 то 12 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад. Дар водиҳо аз 11 то 16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардидааст. Ҳаво дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 12 то 17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *