Дастгиршавии се бародарони хатлонӣ

Се акаву додар – Фирӯз, Фурқат ва Абдураҳим Юсуповҳо дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастгир шудаанд. Ин се бародар аз ноҳияи Хуросон ба узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи «Гурӯҳи 24” ва нашри видео ба зидди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон айбдор мешаванд.

Фирӯз Мамарозиқович Юсупов, санаи таваллудаш 24.01.1987, Фурқат Мамарозиқович Юсупов, санаи таваллудаш 01.10.1989 ва Абдураҳим Мамарозиқович Юсупов, санаи таваллудаш 06.04.1992, ҳарсе сокинони деҳаи Душанбеи ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, рӯзи 5 март дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Сулаймон Давлатов, як намояндаи «Гурӯҳи 24” рӯзи 8 март гуфтааст: «Ин се бародар дар соли 2014 дар Интернет видеоеро нашр карда, дар он аз сиёсати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон интиқод карда буданд. Ҳоло онҳоро дар боздоштгоҳи воқеъ дар шаҳраки Красное селои вилояти Ленинград нигоҳ медоранд. Додгоҳи Русия алакай ҳукми аз ин кишвар берун кардани ҳарсеи онҳоро баровардааст, вале мо барои ҳимояташон адвокат гирифтем.”

Дар видеое, ки се сол пеш дар Ютуб нашр шуд, бародарон Юсупов башиддат аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон, ки садҳо ҳазор шаҳрвандашро ба муҳоҷирати корӣ тела медиҳад, интиқод карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *