Имрӯз дар Душанбе борон намешавад

 Имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ  тағйирёбандаи абрнок шуда, дар доманакӯҳҳо боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири моҳи сентябр боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 21  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст шуда, гармӣ рӯзона ба 34  дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона ба 34 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 25 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи боронӣ пешбинӣ шуда, ҳарорат дар ғарб 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шарқи вилоят пас аз боридани барф ҳавои ноустувор ва ҳарорати паст пешгӯӣ шуда, гармӣ дар ин мавзеъ ба 14 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 33 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат 33 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *