Духтарчаи 9-солаи Истаравшан ёфт нашуд. ВКД кӯмак мехоҳад

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон духтарчаи 9-сола Ганҷина Қаюмоваро, ки рӯзи 25 август дар бозори марказии шаҳри Истаравшан бедарак шуда буд, ҷустуҷӯ доранд. Аз рӯзи бедаракшавии духтарча 27 рӯз сипарӣ шуд, вале то ҳол ҷустуҷӯҳо ҳеҷ натиҷае надодааст.

Дар ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ки бо умеди кумак аз аҳолӣ дар кӯчаҳои пойтахт низ эълонҳо бо акси Ганҷина часпонида шудааст. «Дар бораи макони будубоши духтарча ба мо алҳол маълумот нарасидааст. Чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ идома доранд», — гуфтанд дар ВКД.

Дар ҳамин ҳол, падари духтарчаи гумшуда Уктам Қаюмов   изҳор намуд, ки духтари ӯ, хонандаи синфи 2-юми мактаби №4-и шаҳри Истаравшан ҳангоми харид дар бозор ҳамроҳи ӯ бедарак шудааст.

«Ду нафар аз бозор гуфтанд, ки ҳангоми аз бозор баромадан ӯро дидаанд, — иброз дошт номбурда. — Аз сабти навори камераҳои видео низ дида мешавад, ки ӯ аз бозор баромадааст, лекин баъд ба куҷо рафтанаш то ҳол маълум нест».

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост дорад, ки дар сурати дарёфти ҳама гуна маълумот дар бораи ин духтарча бо телефонҳои зерин ин маълумотро расонанд: 918-80-45-12 ва 927-53-33-55

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *