Имрӯз моро борон ва раъду барқ мунтазир аст
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз, 16 май дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Бар асоси пешгӯии марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр буда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 0-6 дараҷа ва рӯзона 9-14 дараҷа гармӣ пешгӯи гардидааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар манотиқи кӯҳӣ борони шиддатнок дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 27-32 дараҷа хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳ ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо гармии ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмудат дар назар аст. Дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 29-34 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, борони кӯтоҳмудат ва раъду барқ мешавад. Гармии ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 32-34 дараҷаро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ