Олимро ба ҷойи ДИИШ 5 соли зиндон дар пеш аст

Олим Устоевро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба қасди ҷиноят ва зархаридӣ гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати 5 сол ба зиндони низомаш сахт равона кардааст.

Мувофиқи маълумоти парваеда Устоев ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба доми аъзои фаъоли гурӯҳи террористӣ бо тахаллусҳои Фурқон Фаластин, Абу Довуд, Абу Усома, Абубакри Муваҳид, Алишери Хуросон ва дигарон афтодааст. Мубаллиғини “ДИИШ” ӯро бовар кунондаанд, ки дар пайи пайвастан ба сафи «Давлати исломӣ» соҳиби молу сарват мешавад.

Олим Устоев зимни мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштааст, ки омода будаст, ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвандад, вале 8-уми июли соли 2016 ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар манзили муваққатии зисташ дастгир намуда, 23 июл ба Тоҷикистон интиқол доданд. Ӯ дар суд гуноҳашро пурра иқрор карда, аз додрас хостааст, нисбат ба ӯ ҷазои сабук таъин кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *