Имрӯз рӯзи телевизион аст

 Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ  шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар ҷаҳон  21 ноябр ҳамчун  Рӯзи  умумиҷаҳонии телевизион (World Television Day)  ҷашн гирифта  мешавад.

Телевизион ихтирои ибтидои  асри  XX буда, соли 1930 ба  олимону муҳандисони шӯравӣ-Борис Розинг, Семен Катаев, Александр Константинов, Петр Тимофеев, Павел Шмаков,   ихтироъкорони амрикоӣ  — Владимир Зворикин (амрикоии рустабор), Фило Фарнсуорт,  муҳандиси  британиявӣ — Алан Кэмпбелла-Суинтон ва дигарон  муяссар гардид, ки онро   мукаммал  гардонида,  мавриди  истифода диҳанд.

Дар Аврупо  ба таври оммавӣ  фаъолияти  шабакаҳои телевизионӣ танҳо аз соли 1950  оғоз гардида, дар бисёре аз давлатҳои тараққикардаи  ҷаҳон  шабакаҳои давлативу хусусии телевизион  солҳои 60-70-уми асри  гузашта таъсис  ёфтанд.

Дар Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 аввалин бор  Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, ки  ин  рӯйдоди беназири  фарҳангӣ дар ҳаёти кишвар  буд.

Тибқи иттилои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи аввали соли 2017 фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои шабакаҳои давлатии  Телевизиони Тоҷикистон, «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо» – 56,86% ва фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши аналогии барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион дар ҳамин давра — Телевизиони Тоҷикистон– 99,72%,  «Сафина» – 99,7%, «Баҳористон» – 89,01%, «Ҷаҳоннамо» – 78,96%  мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *