Имрӯз “Сомон Эйр” ба Тошканд мепарад

Имрӯз, 23 феврал нахустин парвози расмӣ миёни Душанбе ва Тошканд сурат хоҳад гирифт. Бино ба иттилои маркази иттилоотии ширкати «Сомон эйр», ин парвоз соати 13-и вақти маҳаллӣ анҷом шуда ва ба мусофирон аллакай билетҳо фурӯхта шудаанд.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ин замина ширкати «Сомон эйр» ба фурудгоҳ дархост пешниҳод кардааст.

Қарор буд нахустин парвози мунтазам аз Душанбе ба Тошканд тавассути ҳавопаймоҳои «Сомон эйр» рӯзи 20 феврал ва баъди 25 соли танаффус сурат мегирифт. Аммо ин парвоз дар вақти таъиншуда анҷом нашуд ва мақомоти ширкати “Сомон Эйр” дар аввал эълон карданд, ки ҳарчандонҳо иҷозати парвозро доштанд, вале фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба онҳо гуфтааст, ба қабули ҳавопаймо омода нест. Ба қавли масъулони ширкати «Сомон Эйр», 26 мусофир билет харида ва омодаи сафар аз Душанбе ба Тошканд буданд.Аммо мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки парвоз ба далели саривақт таҳия нашудани асноди зарурӣ аз тарафи ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Дар дафтари матбуоти ширкати «Узбекистон ҳаво йуллари» рӯзи 21 феврал гуфтанд, ки қарор буд асноди расмӣ дар бораи парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд чанд рӯз пеш аз парвоз ирсол гардад. Коре, ки ба иддаи онҳо дар вақташ анҷом нашудааст.Бино ба хабари манобеъ, ҷониби Узбекистон гуфтааст, дархост аз ҷониби “Сомон Эйр” барои анҷоми парвози чартерӣ пешниҳод шуда буд, на мунтазам. “Дар ин маврид тибқи муқаррароти байналмилалӣ бояд дархост бо замимаи рӯйхати мусофирон дар зарфи на камтар аз 3 рӯзи корӣ қабл аз анҷоми парвоз пешниҳод мешуд. Аммо ин санад танҳо рӯзи 19 феврал ба ҷониби Узбекистон расид. Аз ин лиҳоз барои қабули қарор фурсати кам боқӣ монда буд», — таъкид карда буд ҷониби Узбекистон

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *