Имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ оғоз шуданд
1-уми июл дар Тоҷикистон вақти имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу коллеҷҳои кишвар оғоз шуданд. Дар ин бора ММТ хабар дод.
Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, беш аз 1,1 ҳазор утоқи имтиҳонӣ боз шуда, 1875 нафар ҳамчун корманди муваққатӣ барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки имтиҳонҳои қисмҳои «А» (имтиҳон дар заминаи маълумоти умумӣ) ва «Б» (имтиҳон дар заминаи маълумоти умумии асосӣ) дар 20 шаҳру навоҳии кишвар гузаронда мешаванд. Худи ин раванд дар Маркази миллии тестӣ бо истифода аз камераҳои назоратӣ ба таври онлайн назорат карда мешавад.
“Аз 73461 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда 10255 нафарашон қисми А-ро хоҳанд супорид”,- гуфта шудааст дар гузориши ММТ.
Лозим ба зикр аст, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) 86521 довталаб, ки аз онҳо 73461 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 13060 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис карда шудаанд.
Илова мекунем, ки марҳилаи иловагӣ 12-уми июл оғоз шуда, натиҷаҳои он 20-уми июл эълон хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ