Арзиши рубл боз ҳам поён рафт

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард. Ин ҳафта қурби рубл ва доллар нисбат ба сомонӣ боз ҳам коҳиш ёфт.

Тибқи нишондоди БМТ, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 122 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ барои 1000 рубл 125 сомонӣ медоданд.

Дар ҳамин ҳол пули амрикоӣ ҳафтаро қариб бидуни тағйир оғоз карда, ба ҳадди ночиз поин рафтааст. Агар ду рӯз қабл бар ивази як доллар 10.9140 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9135 сомонӣ медиҳанд.

Асъори аврупоӣ бошад, баръакс нишондоди мусбатро давом медиҳад. Тибқи иттилои БМТ дар бозори арз барои як евро 11.9186 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ қурби евро 11.9083 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудааст. Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9135 то 10.9600 сомонӣ, 1 евро аз 11.9186 то 12.1600 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0. 1220 то 0.1245 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *