Дар Душанбе ошхонаи “Фазлиддин” оташ гирифт

Ошхонаи ҶДММ “Фазлиддин», воқеъ дар кӯчаи Крупскаяи шаҳри Душанбе, миёни “Автосентр” ва “Корвон” сӯхтааст. Дар ин бора ВКД хабар дод.

Ба гузориши манбаъ, ҳодиса субҳи 2-юми июл рух дода, сӯхтор дохил ва болопӯши ошхонаро дар масоҳати 150 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар биноҳои ҳамшафат ба миён омадааст.

Гуфта мешавад, ки сӯхтор бо ёрии воситаҳо дар соати 07:05 дақиқа бо пуррагӣ хомӯш карда шуда, зиёда аз 12 миллион сомонӣ молу мулки соҳибмулкон аз коми оташ наҷот дода шудааст.

Сабаб ва зарари сӯхтор аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *