Имтиёз ба Ширкати «Арвис».  Боз 2 000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд

Парлумони Тоҷикистон созишномаи Ҳукумати кишвар бо ширкати «Арвис»-ро ҷонибдорӣ кард. Гуфта мешавад, ки Ширкати «Арвис» барои таъсиси корхонаҳои коркарди пахта ба даст овардани марҳилаи ниҳоӣ дар маҷмуъ ҳудуди 600 млн сомониро равона хоҳад кард.

Ин нукта зимни шарҳи Созишномаи ҳукумат бо Ширкати «Арвис» баён шудааст, ки ахиран онро парлумон тасдиқ кард.

Силсилаи корхонаҳо дар ду марҳила татбиқ гардида,  марҳилаи якум арзиши 300 млн сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории марҳилаи дуюм аз татбиқи пурраи марҳилаи якум вобаста буда, ҳаҷми умумии он низ тибқи ҳисобҳои пешакӣ то 300 млн сомонӣ арзёбӣ гардидааст.

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Хуршед Мирзо гуфтааст, дар марҳилаи аввал, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои таъсисшаванда 5,5 ҳазор тонна ришта 3,6 ҳазор тонна матои патдори рангуборшударо дар як сол ташкил медиҳад.

Инчунин фаъолсозии корхонаҳо барои таъсиси зиёда аз 2000 ҷойи кори доимӣ ва то 1500 ҷойи кори мавсимӣ замина мегузорад.

Таъкид гардид, ки татбиқи созишномаи мазкур барои рушди соҳаи нассоҷӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ, таъсиси корхонаҳои пахтатозакунию ресандагӣ, бофандагию дӯзандагӣ мусоидат мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта ширкати «Арвис» дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷиро дар ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дод.

Иттилоъ дода шуда буд, ки корхона дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагинро коркард намуда, аз он маҳсулоти тайёр пешниҳод мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *