Дар Хатлон 1880 саг соҳиби шиноснома шуд

Соли гузашта дар вилояти Хатлон ба беш аз 1 ҳазору 880 саг шиноснома дода шудааст. Шиносномакунӣ ба сагҳо аз ҷониби соҳибонашон ҳамасола афзоиш меёбад.

Равшан Қуандиқов, сардори шуъбаи назорати зотпарварӣ ва бойтории раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки шиносномакунии сагҳо дар соли 2023 назар ба соле пештар 424 ҳолат зиёд аст.

Ӯ мегӯяд, соли 2023-юм дар умум ба 1 ҳазору 883 саг шиноснома дода шудааст. Ба таъкиди вай, шиносномадиҳӣ ба сагҳо назар ба соли 2022-юм 424 ҳолат зиёд аст.

Ҳамчунин, дар соли сипаригардидаи 2023-юм 2 ҳазору 700 саг безарар карда шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2022 ҳамагӣ 490 саг безарар гардида буданд.

Бо вуҷуди безарар кардани сагҳои дайду ва шиносномакунии сагҳои ба гуфтаи мардум соҳибдор, ҳанӯз дар кӯчаҳои марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хавфи расидани зарар аз саг кам нест. Мутаассифона, дар роҳрав ва кӯчаҳои аксари шаҳру ноҳияҳо галлаи сагҳои бесоҳиб ва дорои бемориҳои гуногунро вомехӯрем. Аз ин ҳолат албатта сокинон дар ташвишанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *