Туркманистон

Имзои 23 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон

Имрӯз Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, зимни мулоқот масъалаи рушди устувори ҳамкории ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ муҳокима гардид.

“Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, ҷонибҳо дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин ҷанбаи муносибатҳо ба мувофиқа расиданд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар ин замина ҷонибҳо ба чунин самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили кооператсияи саноатӣ, бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *