Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони вилоят дидор кард

Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят​ Раҷаббой Аҳмадзода бо мураббиёну ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» доир гардид.

Гуфта мешавад, ки дастаҳои пурқуввати вилоят, аз қабили дастаҳои «Хуҷанд» ва «Эсхата дар лигаи олии кишвар низ бозӣ мекунанд.

Шоистаи таҳсин аст, ки дастаи «Эсхата» айни замон нишондиҳандаҳои хуб дошта, дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи аввал қарор дорад. Аммо дигар клуби футболи вилоят -​ «Хуҷанд» дар зинаи нуҳум меистад.

Ҳамчунин, раиси вилоят ба роҳбарияти клуб ва мураббиён барои ислоҳи қамбудиҳо ва беҳтарсозии нишондиҳандаҳо супоришҳо дода, афзуд, ки барои машқу тамрини бозигарон шароитҳои зарурӣ мавҷуд аст.

Таъкид гардид, ки клуби футболи «Хуҷанд», ки панҷ маротиба Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст, бояд мавқеи худро дар мусобиқот беҳтар созад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *