Аз таҳти дил бихандед!
Ҳайрати кӯдак
Модар тифлакашро ором мекунонад. Духтарчаи панҷсолааш дар ин асно аз модар мепурсад:
– Оча, барои чӣ ӯ гиря мекунад?
Модар мегӯяд:
– Намедонам, шояд ягон ҷояш дард мекунад.
Духтарак ба ҳайрат омада:
– Куҷояш дард мекунад? Охир, ҳама ҷояш напа нав аст ку!
Рашк
Шавҳари бадрашк ҳамеша занашро бо дигарон рашки беҳуда мекард. Рӯзе онҳо ҷанҷол карданду зан гуфт:
– Дар дилам ҳазор умед ба шумо ба шавҳар баромадаму…
Зан суханашро тамом накарда, шавҳараш дарҳол:
– Умед кист?
Сурудхонӣ
Писарчаи хурдсоле ҳамроҳи модараш дар боғ сайругашт мекунанд. Ногаҳон писарча бо овози баланд мегӯяд:
– Очаҷон, ман пешоб дорам.
Модараш ӯро ором карда, мегӯяд:
– Писарам, дар байни мардум ин хел нагӯ, айб аст. Суруд хондан мехоҳам бигӯ, ман худам мефаҳмам.
Рӯзи дигар, нисфи шаб писарча падарашро аз хоб бедор карда, мегӯяд:
– Падарҷон, ман суруд хондан мехоҳам.
– Бачаҷон, ҳама хобанд, ту ҳам хоб кун. Субҳ шавад, ҳарду якҷоя мехонем.
– Охир, ман ҳозир хондан мехоҳам,- исрор мекунад писарча.
– Хуб, паст-паст дар гӯши ман хондан гир, то дигаронро аз хоб бедор накунӣ,- мегӯяд падар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ