Имзои 26 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Чанд лаҳза пеш мулоқоти роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар қасри “Куксарой”сурат гирифт.

Дар ҷараёни мулоқоти тарафайн санадҳои зерин ба имзо расиданд:

  1. Созишнома оид ба ҳамкорӣ доир ба ташкили ҷамъоварии истеҳсоли техникаи кишоварзӣ байни КВД “Коргоҳи мошинсозӣ”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶС “Узагротехсаноатхолдинг”;
  2. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва робитҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Федератсияи итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон;
  4. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зидди инҳисорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба мусоидат ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат;
  5. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкори байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  6. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи телевизион ва радио;
  7. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон;
  8. Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии милли итилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии итилоотии Ӯзбекистон ”УзА” ;
  9. Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ;
  10. Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ӯзбекистон (Узстандарт) ;
  11. Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии карантини растании назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  12. Созишнома байни Саридораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои инкишофию геологӣ дар майдонҳои наздисарҳадӣ;
  13. Созишнома байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии далатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ;
  14. Созишнома байни мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ;
  15. Созишнома байни мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тиҷорат, иқтисод, илмӣ-техникӣ ва гуманитарию фарҳагӣ;
  16. Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи адлия;
  17. Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали 2002;
  18. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;
  19. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат;
  20. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
  21. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот;
  22. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳаои ҳарбӣ-техникӣ;
  23. Протокол оид ба мубодилаи ёддоштҳо дар хусуси ратификатсияи шартнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон.
  24. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи минтақаи замин барои ҷойгиркунии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  25. Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  26. Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *