Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд

Ин субҳ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Узбекистон сурат гирифт. Президенти ҶТ Эмомали Раҳмонро дар майдончаи ҳавоӣ президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шакат Мирзиёев ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Сипас Эмомали Рахмон бо ҳайати расмӣ дар майдони “Истиклолият ва башардусти” -и ин кишвар зери пояи Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” гулчанбар гузоштанд. Президенти Точикистон лахзае чанд пеш ба кароргохи Куксарой ташриф овард.
Президентро дар ин сафари расмӣ муовини Сарвазир Азим Иброхим, Вазири корхои хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳикматуллозода Неъматулло, Вазири адлия Шоҳмурод Рустам ва Вазири мудофиа Мирзо Шералӣ ҳамчуни Вазири саноат ва технологияи нав Бобозода Шавқат, Вазири энергетика ва захирахои об Усмонзода Усмоналӣ, Вазири маориф Саид Нуриддин, Вазири кишоварзӣ Саттори Изатулло, Вазири нақлиёт Худоёрзода Худоер, Вазири фарҳанг Орумбекзода Шамсиддин, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлотшоҳ, ёварони президент Раҳмон Асадулло, Раҳмонзода Абдуҷаббор, Раиси роҳи оҳани тоҷикистон Мирзоалӣ Комил, Раиси кумитаи чавонон Абдуллозода Адҳам, Раиси кумитаи телевизион Шоҳиён Маҳмадсаид, президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳоло омодагӣ ба мулоқоти сарварони ҳарду кишвар сурат гирифта истодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *