Имзои Созишномаи нав. Сабақҳо аз пандемияи COVID-19 истифода мешаванд (аудио)

Дар доираи баргузории иҷлосияи 72-уми Кумитаи минтақавии ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо дар шаҳри Тел-Авиви кишвари Исроил Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо Созишномаи нави ҳамкории дусоларо ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ин Созишномаи муҳим ҳадаф ва нақшаҳои муҳими таҳкими низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки ТУТ дар ин самт дастгирии техникӣ ва молиявӣ хоҳад расонид.

— Пандемияи COVID-19 сабақҳои муҳимеро вобаста ба роҳҳои минбаъд беҳтар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ба миён овард. Дар ин миён, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба мувофиқа расиданд, ки сабақҳои аз ин пандемия андӯхтаро дар саъю кӯшиши муштараки худ барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ истифода баранд. Ин масъала дар Созишномаи нави ҳамкории дусола, ки ба имзо расид, махсус дарҷ гардидааст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки имзои Созишномаи нави ҳамкории дусола марҳалаи муҳим дар муносибатҳои дарозмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТУТ ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *