Бардошт аз мулоқот: Таъсиси Бонки таълимӣ дар Донишгоҳи миллӣ муҳим аст (аудио)

Бо мақсади рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ намояндагони ҶСК “Бонки Эсхата” бо роҳбарии сардори департаменти Маркетинг ва рушди бонки мазкур Исматуллоев Фурқатулло ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ Абдулмуминзода Н. А. мулоқот намудаанд.

Бино ба иттилои ДМТ, дар мулоқот ҷонибҳо дар самти дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо табодули афкор намуда, ташкили курсҳои омӯзишӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои таҷрибаомӯзӣ ва ташкили Бонки таълимиро муҳим арзёбӣ намудаанд.

Гуфта шудааст, ки иқдоми пешгирифтаи ҶСК “Бонки Эсхата” барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *