Ин чӣ балоест, одамон мемиранд ва киштиҳо ғарқ мешаванд?!

Дар бандари Николаев флагмани флоти ҳарбии баҳрии Украина фрегати «Гетман Сагаидачный» зери об монд. Дар ин бора РИА «Новости» бо такя ба Маркази коммуникатсияҳои стратегӣ ва амнияти иттилоотии Украина хабар медиҳад.

Флагмани флоти ҳарбии баҳрии Украина «Гетман Сагаидачный» дар бандари Николаев зери об монд. Аз ин рӯ, гуфта мешавад, ки мақомоти Украина интизор доранд, ки дар оянда онро барқарор кунанд. Ба навиштаи расонаҳои украинӣ, киштӣ дар рӯзи аввали амалиёти Русия дар Украина ғарқ шуд.

Ҳама силоҳҳо қаблан аз он хориҷ карда шуда буданд, зеро он дар таъмир буд. Қаблан Неруҳои мусаллаҳи Украина гуфта буданд, ки ба хотири амнияти киштиронии ғайринизомӣ, Неруҳои дарёии ин кишвар киштиҳоро дар қисмати шимолу ғарбии Баҳри Сиёҳ бастаанд.

Қабл аз ин, бар асари афтодани снаряд ба киштии борбари «Намура Квин»-и ширкати ҷопонӣ дар Баҳри Сиёҳ як нафар маҷруҳ шуд. Рӯзи 25-уми феврал киштии кимиёвии Millenial Spirit, ки зери парчами Молдова дар Баҳри Сиёҳ шино мекард, мавриди оташ қарор гирифт.

Бар асари афтидани снаряд дар киштӣ сӯхтор ба амал омад, техника ва қаиқҳои наҷотбахш аз оташ нобуд шуданд. Ҳайати экипаж, ки аз шаҳрвандони Русия иборат буд, танкерро дар тан либосҳои наҷотбахш гузоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *