Вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо Пак вохӯрд

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо раиси Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Су доир гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм ва намояндагони Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат зикр гардидааст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Кореяи Ҷанубӣ дар асоси созишнома ва Ёддошти тафоҳум, ки байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расидаанд, ба роҳ мондааст.

Гуфта мешавад, ки дар се муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ба донишҷӯён забони кореягӣ таълим дода мешавад. Донишгоҳҳои мазкур бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Кореяи Ҷанубӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Кимёнг, Донишкадаи Шоҳ Сеҷонг, Донишгоҳи Аҷоуа, Донишгоҳи таълими хориҷии Ҳанкук, Донишгоҳи Мусанг, Донишгоҳи Пай Чай ва Донишгоҳи миллии Ҷионбук шартномаи ҳамкорӣ доранд.

Раиси Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Су зикр кардааст, ки кумитаи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Кореяи Ҷанубӣ фаъолият намуда, барномаҳои зиёдро дар самти маориф татбиқ менамояд.

— Маҳз таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва такя ба ҷавонони соҳибилм буд, ки дар як муддати кӯтоҳ Кореяи Ҷанубӣ ба кишвари саноатӣ табдил ёфт ва имрӯз бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам шаҳрвандони зиёди кишварҳои хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар ҷалб шудаанд. Имрӯз филилаи се муассисаи таҳсилоти олии Кореяи Ҷанубӣ дар кишварҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва бо назардошти омӯзиши таҷрибаи онҳо метавонем, ки филиали баъзе аз муассисаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳем. Ҳамзамон, тибқи барномаҳои амалкунанда, донишҷӯёне, ки ихтисосҳои забони кореягиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм мекунанд, дипломи онҳо дар Кореяи Ҷанубӣ низ эътироф мешавад. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар рӯйхати кишварҳои аввалини гирандагони грантҳо шомил аст, ки он барои самтҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшудаи афзалиятнок истифода мегардад,- гуфтааст Пак Чон Су.

Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода дар идома зикр кардааст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди соҳаи маориф тамоми тадбирҳои судмандро меандешад.

— Рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва табодули донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, истифодаи грантҳо дар самти сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Кореяи Ҷанубӣ ва муҳимтар аз ҳама, омӯзиши таҷрибаи пешқадами маорифи Кореяи Ҷанубӣ аз зумраи иқдомҳоест, ки бояд дар мадди аввал роҳандозӣ гарданд,- зикр намудааст Раҳим Саидзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *